ВАГОНҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН БОЗДОШТА МЕШАВАНД
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкати «Газпром нефт – Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар қаламрави Ӯзбекистон 260 вагони ширкат боздошта шудааст. Ба ин вагонҳо маводи сӯхт, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории ҳавопаймо, инчунин барои сохтани роҳҳо битум бор карда шудаанд. Бо сабаби боздоштани вагонҳои ширкат ба он аллакай ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА зарари иқтисодӣ расид. Маблағи зарар асосан қарзи иҷораи вагонҳои ширкат мебошад. Арзиши иҷораи 1 вагон дар як шабонарӯз 1500 рубли Русия аст. Ф.Мирзоев зикр кард, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба боздоштани вагонҳо дар Ӯзбекистон ояндаи наздик дар Шӯрои роҳбарони роҳҳои оҳани ИДМ муҳокима карда мешавад. Мо тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро ба шӯрои мазкур пешниҳод намудем. Ширкати «Газпром нефт – Тоҷикистон» дар ҷумҳурии мо аз соли 2007 инҷониб амал мекунад. Ширкат яке аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ба Тоҷикистон мебошад. Дар ин муддат аз ҳисоби ширкат ба буҷети ҷумҳурӣ 105,7 миллион доллар андоз гузаронида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






