ВАКИЛОНИ ШАҲРӢ МАСЪУЛИЯТШИНОС ВА ФАЪОЛ МЕГАРДАНД
Душанбе, 23 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар сурати бидуни сабабҳои узрнок ба таври пайваста дар се иҷлосияи шаҳрӣ ширкат наварзидани вакил масъалаи ваколати ӯ дар сатҳи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, қатъ карда хоҳад шуд. Ин матлабро Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 22 июн зимни баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум зикр кард. Тадбири мазкур бо мақсади баланд бардоштани масъулияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳалли масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии пойтахт андешида шуда, вакилони шаҳриро водор месозад, ки дар ҳалли проблемаҳои гуногуни ҳаёти пойтахт, хусусан баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва соири масъалаҳои марбут ба пешрафти соҳаҳои мухталифи шаҳр масъулиятшиносу фаъол бошанд. Зеро онҳо ҳамчун намояндаи мардуми пойтахт ваколати бештари дифоъ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ҷомеаи пойтахтро доранд. Бояд зикр кард, ки дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 70 вакил 63 вакил иштирок дошт. 70 % вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо вакилони тозаинтихоб ва 30 %-ро вакилони собиқ ташкил медиҳанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






