ВАРЗИШГОҲРО «НИЛУФАР» БУНЁД МЕКУНАД
Бадахшон, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Имрӯзҳо кор дар бунёди иншооти ҷашнӣ дар саросари ВМКБ идома дорад ва варзишгоҳи ноҳияи Роштқлаъа яке аз онҳост, ки маҳз соли 2008 ҳангоми ташрифи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия бо ибтикори ӯ масъалаи бунёди варзишгоҳ рӯи кор омад. Охири соли 2009 ба бунёди ин оғоз намуданд. Варзишгоҳ 3000ҷойи нишаст дораду дар бунёдаш беҳтарин устоҳои ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд. Тавре садри ширкати «Нилуфар»Мирзо Достиев иттилоъ дод, ба хотири бунёди он Ҳукумати ҷумҳурӣ як миллиону 200 ҳазор сомониро ҷудо кардааст. Ба гуфти М. Достиев дар бунёди варзишгоҳ 50 нафар коргарон дар 2 баст кор мекунанд. Рӯзҳои 10-15-уми моҳи июн мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






