ВАЗИФАИ ЖУРНАЛИСТ ИНЪИКОСИ ВОҚЕЪБИНОНАИ ВОҚЕАҲОСТ

Июнь 9, 2010 17:10

Душанбе,  9 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Роҳбарияти  Артиши   марзбони Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  изҳор  менамояд, ки  вақтҳои охир  Латиф  Кабиров ном  шахс   худро  журналист  номида,  дар   сайтҳои  интернетӣ ва  нашрияҳои  гуногун дар  бораи  Қувваҳои  мусаллаҳи  Тоҷикистон, аз  ҷумла, Артиши  марзбони он  хабару  мақолаҳои  тӯҳматангез  ва бардурӯғ  чоп  мекунад.   Аз  ҷумла, вай  дар  мақолаи  навбатии  тӯҳматангезаш   менависад, ки  «… воқеаи дар  амал рухдода, ки  баъдан  дар  прокуратураи низомии  Тоҷикистон тасдиқ  карда шуд…».  Ин ҷо  маълум  нест, ки  журналисти  зикршуда  кадом  воқеаро  дар  назар  дорад,  зеро  дар прокуратураи  низомии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хабари  зада  гирифтани  12  автоматро  касе  тасдиқ  накард.  «Дар  ин  давра  ва то  имрӯз  ягон  воқеаи  фурӯхтани  аслиҳа ва  лавозимоти  ҷангӣ ба  шахсони  бегона  аз тарафи  хизматчиёни  ҳарбӣ  ба  қайд  гирифта нашудааст.  Ҳеҷ  кас  аз  ҷумлаи марзбонон  автомати  худро  бо  як  халта  картошка  иваз  накардааст.  Л.Кабиров  барои  исботи  воқеаи  иваз  кардани   автомат бо  як  халта  картошка  ягон   далели  мушаххас   наоварда,  танҳо  хабару  мақолаҳои  барои  худаш  ва «хӯҷаинаш» зарурбударо  фикр  карда  мебарорад, гуфт  сардори  дафтари  матбуоти  Сарраёсати  Артиши  марзбони  Кумитаи давлатии   амнияти  миллии Тоҷикистон  Хушнуд  Раҳматуллоев. —  Хабарҳои охирини  дар  давоми  моҳҳои  апрел  ва  майи  соли равон  чопкардаи  «журналист»  Л.Кабиров  нишон  медиҳанд, ки  фаъолияти  касбии  ӯ  бо  таҳрифи  меъёрҳои   қабулгардидаи  одобу  ахлоқи   журналистӣ бо  фаъолияти  паҳн кардани   далелу  рақамҳои  беасосу  бардурӯғ  ва  исботнашуда дар  бораи  фаъолияти  Артиши  марзбони  Кумитаи давлатии   амнияти  миллии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маҳдуд  мегардад. Ин  пеш  аз  ҳама  ба  рафтору  ахлоқи  журналист  комилан  мухолиф  мебошад.  Набояд  фаромӯш  кард, ки  журналист  пеш  аз  ҳама   барои  хабару  мақолаҳои  нашрнамудааш   ҷавобгар  аст ва  на танҳо  дар  назди  шахсоне, ки  воситаҳои  ахбори  оммавиро   назорат  мекунанд, балки  умуман  дар  назди  ҷамъият  масъул  мебошад. Вақтҳои охир теъдоди  хабару  мақолаҳои  бардурӯғу  беасос  ва  гузоришҳои  сатҳию  бесифат  ва  дорои  хусусияти ҷиноии  Л.Кабиров  барин  ба  ном   журналистон  хеле  афзуда,  дар  саҳифаҳои  рӯзномаю  ҳафтаномаҳо ва  радиою  телевизион  ҷои  хабару  мақолаҳои  журналистони  ҳақиқатан  мутахассис  ва  тарғибкунандаи  ғояҳои эҳтироми  қонун  ва  суди  одилонаро  мегиранд.   Чунин  вазъият  ба  манфиати  демократия,  ҳуқуқ,  фаҳмиш  ва  эҳтироми  қонун,  инчунин   фаъолияти  самарабахши ояндаи   воситаҳои  ахбори оммавӣ мухолиф  мебошад. Фаромӯш  кардан  лозим  нест, ки  яке  аз  принсипҳои  фаъолияти  журналист  то ҳадди  имкон  кам  кардани зиёни  имконияти  фаҳшгӯӣ  дар  бораи  ин  ё  он  воқеа мебошад. Илова бар  ин   ҳар  журналисте, ки  худ  ва  касбашро  эҳтиром  мекунад,  медонад,  ки  вазифаи  аввалиндараҷаи он  таъмини  ҳуқуқи  шаҳрвандон  ба  хабару  мақолаҳои  воқеъбинонаю  эътимоднок  бо роҳи  инъикоси  дурусти  воқеаҳо  мебошад.  Журналист  бояд  бо  вуҷуди тасвири бадеии  воқеаҳо онҳоро   бе  ягон  таҳриф,  ғарази  шахсӣ,  ҳақиқатнигорона  ва  воқеъбинона  инъикос намояд.  Дар  ин  маврид  ҷомеа  имкон  хоҳад  дошт, ки  ҷараёни  воқеии  рӯйдодҳоро  ба  воситаи   хабару  мақолаҳои  эътимодбахш  дуруст  дарк  намояд.   Дар  чунин  хабару  мақолаҳо  табиати  ҳар  гуна  рӯйдодҳо,  ҷараёни  инкишоф  ва  баёни  далелу  рақамҳо  то  ҳадди  имкон  воқеъбинона  тасвир  карда  мешаванд. Хабари  навбатии  бардурӯғу  иғвоангези  Л. Кабировро  хонда,  чунин  савол  додан  мумкин  аст, ки  «Мо  чӣ  тавр  ҳаёти  худро ба  чунин  «хизматчиёни  ҳарбӣ ва  ҳомиён» бовар  карда  метавонем? Ба  онҳое, ки  дафъаи  навбатӣ аз  ҳисоби  чопи   хабарҳои бардурӯғ  машҳур  шудан  мехоҳанд,  хотиррасон карданием, ки  марзбонон  дар  аксари  мавридҳо  бо  гурӯҳҳои  мусаллаҳи  сарҳадшикан  задухӯрдҳои  мусаллаҳона  карда,  баъзан   барои таъмини  ҳаёти осоиштаи   сокинони  мамлакат  ҷони  худро  қурбон  мекунанд.  «Ба  ҳамаи  журналистоне, ки  хабару  мақолаҳояшонро  дар  рӯзномаю  ҳафтаномаҳо  чоп  карданианд,  инчунин бо  мақсади  ба  ихтиёри  мо  гузоштани   чунин  хабарҳо  барои  андешидани  тадбирҳои  зарурӣ ва бо  мақсади  шиносоии  бештар  бо  фаъолияти   марзбонони  ҷумҳурӣ,  аз  ҷумла  дар  сарҳад  рақами  телефони  дафтари  матбуоти  Артиши  марзбони Кумитаи давлатии   амнияти  миллии  ҷумҳуриро   пешкаш  менамоем.  Рақами телефони дафтари  матбуоти  Артиши  марзбони Кумитаи давлатии  амнияти  миллӣ 221 – 62 – 38  мебошад,  гуфт Х.Раҳматуллоев.

Июнь 9, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст