ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ: — «НОБАСОМОНИҲОИ ГУЗАШТА АСАРИ ХУДРО ГУЗОШТ”
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Тибқи маълумоти расмии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2008 дар 13 давлати дунё 1385 ҳодисаи бемории фалаҷ ва соли 2009 дар 24 давлати дунё 1733 ҳодисаи фалаҷ ба қайд гирифта шудааст. Бояд зикр намуд, ки тибқи маълумотҳои расмӣ, танҳо соли 2008 дар Афғонистон 17 ҳодисаи фалаҷ ва соли 2009 — 37 ҳодисаи фалаҷ (маълумотҳои ғайрирасмӣ, бо назардошти вазъи воқеии имрўзаи Афғонистон метавонад даҳҳо маротиба зиёд бошад), дар Покистон соли 2008 — 32 ҳодисаи фалаҷ ва соли 2009 — 87 ҳодисаи фалаҷ, дар Ҳиндустон соли 2008 873 ҳодисаи фалаҷ ва соли 2009 727 ҳодисаи фалаҷ ба қайд гирифта шудааст. Бамаврид аст, қайд намоем, ки ҳар се давлати номбурда сертификати Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оиди минтақаи озод будан аз бемории фалаҷро доро нестанд. Дар Вазорати тандуристии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки мутобиқи тавсияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ то он вақте, ки дар курраи замин як бемори фалаҷ ҳаст, хавфи паҳн ва фаро гирифтан дар дигар мамолики дунё боқӣ мемонад. Ҳамасола дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ бемориҳои шабеҳи фалаҷ ба қайд гирифта мешаванд. Таҳлили қиёсии миқдори ин гурўҳи беморон дар моҳҳои март-апрели соли равон Вазорати тандурустии кишварро водор намуд, ки ба Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои гузаронидани таҳлили ҳаматарафа муроҷиат намояд. Ба зерсохторҳои Вазорат супориш дода шуд, ки бо ҷалби муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию беҳдоштӣ тамоми гумонбарони бемори фалаҷро дарёфт ва бистарӣ намуда, ташхиси онро тавассути Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ, дар озмоишгоҳ-коргоҳи минтақавии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ воқеъ дар шаҳри Маскав ба роҳ монанд. Бо пиёда намудани ин амал, Вазорати тандурустии кишвар бо дастгирии шарикони байналмилалӣ дар кўтоҳтарин муддат ба кишвар 10 млн. 310 ҳазор вояи ваксинаи моновалентии намуди 1-ро ба маблағи 1 млн.900 ҳазор доллари ИМА ба ҷумҳурӣ ворид намуда, эмгузаронии фардии кўдакони то сини 6-соларо дар се давра ва муҳассилини мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро (синфҳои 1-11) ба нақша гирифт. Тасдиқ гардидани қисме аз намунаҳои фиристодашуда ва дарёфти беморон дурустии самти фаъолиятро собит сохт. То имрўз ду даври эмгузаронии фардии кўдакони то синни 6-сола ба анҷом расида, фарогирии он 99,7 % ташкил медиҳад. Даври сеюми эмгузаронӣ барои кўдакони то 6 сола ва даври авали муҳассилини мактабҳои ҳамагонӣ (синфҳои 1-11) имрўзҳо оғоз ёфта, то 5 июн идома меёбад. Гузаронидани давраи дуввуми эмгузаронии фардии муҳассилини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ (синфҳои 1-11) рўзҳои 15-19 июн ба нақша гирифта шудааст. Ба чораҳои пешгирикунандаи зидди бемории фалаҷ андешидаи Вазорати тандурустӣ аз тарафи мутахассисони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баҳои баланд дода шудааст. Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба гурўҳи осебпазири кўдакони то 6-сола дохил мешаванд. Вале имрўз бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва дастгирии шариконмуҳассилини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ (синфҳои 1-11) низ ба хотири пешгирии пурраи ин беморӣ эм карда мешаванд. Дар хусуси ба ин беморӣ гирифтор шудани калонсолон таҳлилҳо нишон доданд. ки аслан ҳамонҳое мубтало ба ин беморӣ мегарданд, ки дар вақташ эм нагирифтаанд. Ва сабаби асосиро на дар имрўз, балки вобаста ба синну соли гирифторони беморӣ бояд ҷуст. Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки сабаби сари вақт эм нагирифтани тифлону кўдакон гашта буд, имрўз асари худро нишон дод. Аз ин хотир роҳи асосии аз бисёр бемориҳо эмин мондан ин эмгузаронист, ки ҳар як корманди тиб ва падару модарон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд. Бо мақсади пешгирии интиқоли ин беморӣ ба дигар ҷумҳуриҳо дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии марзи кишвар нуқтаҳои эмгузарони ташкил ва фаъолият доранд. Диққати махсус дар гузаргоҳҳое, ки аз тарафи ҷануби кишвар аст дода мешавад. Шаҳрвандони Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон ҳангоми гузаштан, кўдакони то синни 15 сола эмгузорӣ карда мешаванд. Инчунин дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва саристгоҳҳои роҳи оҳан низ чунин нуқтаҳо фаъолият доранд, ки ба шаҳрвандони воридшаванда ва сафаркунанда хизмат менамоянд. Дар айни замон вазъи ин беморӣ зери назорати қатъии Вазорати тандурустӣ қарор дошта, идорашаванда аст ва мӯътадилгардии вазъи вогирӣ он ба мушоҳида расида, миқдори беморон коҳиш ёфтааст.