ВОҲИДҲОИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Июнь 14, 2010 11:39

Бишкек,  14 июн. (АМИТ «Ховар»). —  Ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон дар  бораи  қисман   сафарбар  намудани  хизматчиёни  ҳарбӣ  фармон   баровард.  Вазорати  мудофиа   хизматчиёнии  ҳарбии то  50  — соларо  даъват  намуд, ки  ба  комиссариатҳои  ҳарбии  маҳалли  зисташон  ҳозир  шаванд. Сафорати  Русия дар  Қирғизистон  муроҷиатномаи расмӣ  интишор  дода,  аҳолиро  даъват  намуд, ки  орому  осуда буда, ба  ҳар  гуна  иғвогарӣ  фирефта нашавад. Тавре  хабар  дода шуда буд,  мақомоти Қирғизистон   чанд  рӯз  пеш   дар  шаҳрҳои  Ӯш, Ҷалолобод  ва  вилояти  Ҷалолобод  вазъияти  фавқулодда  ва  қуюди  шабгардӣ  ҷорӣ  карда  буданд. Ба  шаҳри  Ӯш  ва  вилояти  Ҷалолобод  қисмҳои  иловагии  ҳарбии  вазоратҳои  мудофиа,  корҳои  дохилӣ,  артиши  дохилӣ ва дастаҳои  ихтиёриён  фиристода  мешаванд.  Ҳукуматдорон   ба  қисмҳои  ҳарбии  ба  маҳалли  муноқиша  фиристодашуда аслиҳа  хоҳанд  дод. Ҳукумат  ба  хизматчиёни  ҳарбӣ,  кормандони  милиса ва  ихтиёриён  расман   иҷозат  дод,  ки  барои  ҷорӣ  кардани тартибот  аз  аслиҳаи  ҷангӣ  истифода баранд. Тибқи  супориши Президенти  Русия  13  июн  баталёни  алоҳидаи  десантию  зарбазани  артиши дохилаи   мамлакат  ба  Қирғизистон  фиристода шуд.  Инчунин   ду  ротаи  тақвиятдодашудаи   бригадаи  алоҳидаи  десантӣ   аз  Уляновск  ба  Қирғизистон  омад. Президенти  Русия  Д.Медведев  13  июн  бо  роҳбари   ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон  Роза  Отунбоева  телефонӣ  сӯҳбат  кард.  Д.Медведев  таъкид  кард, ки  тартиботи  ҷамъиятиро  ҳар  чи  зудтар  барқарор  намуда,  муноқишаи  мусаллаҳонаро  ҳар  чи  тезтар  қатъ  намудан  лозим  аст.  Зеро   онҳо  сабаби  қурбон  гардидани одамон  ва   муташанниҷ  гардидани  вазъи  гуманитарӣ  хоҳанд  гашт. Р.Отунбоева  дирӯз фармон имзо  кард, ки  мувофиқи  он   кормандони   мақомоти  қудратӣ   дар  минтақаи  мухолифат   барои  иҷро накардани  фармони  комендант  аз  вазифа  барканор  карда  мешаванд. Аз  рӯи  маълумоти  охирин  дар  давоми  ду шабонарӯзи охир  дар  вилояти  Ҷалолобод  ва  шаҳри  Ӯш  бар  асари  бетартибиҳои оммавӣ  113  нафар  ҳалок ва  1405  нафар  маҷрӯҳ  шудааст.  

Июнь 14, 2010 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд