ВОҲИДҲОИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН
Бишкек, 14 июн. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар бораи қисман сафарбар намудани хизматчиёни ҳарбӣ фармон баровард. Вазорати мудофиа хизматчиёнии ҳарбии то 50 — соларо даъват намуд, ки ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисташон ҳозир шаванд. Сафорати Русия дар Қирғизистон муроҷиатномаи расмӣ интишор дода, аҳолиро даъват намуд, ки орому осуда буда, ба ҳар гуна иғвогарӣ фирефта нашавад. Тавре хабар дода шуда буд, мақомоти Қирғизистон чанд рӯз пеш дар шаҳрҳои Ӯш, Ҷалолобод ва вилояти Ҷалолобод вазъияти фавқулодда ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда буданд. Ба шаҳри Ӯш ва вилояти Ҷалолобод қисмҳои иловагии ҳарбии вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, артиши дохилӣ ва дастаҳои ихтиёриён фиристода мешаванд. Ҳукуматдорон ба қисмҳои ҳарбии ба маҳалли муноқиша фиристодашуда аслиҳа хоҳанд дод. Ҳукумат ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони милиса ва ихтиёриён расман иҷозат дод, ки барои ҷорӣ кардани тартибот аз аслиҳаи ҷангӣ истифода баранд. Тибқи супориши Президенти Русия 13 июн баталёни алоҳидаи десантию зарбазани артиши дохилаи мамлакат ба Қирғизистон фиристода шуд. Инчунин ду ротаи тақвиятдодашудаи бригадаи алоҳидаи десантӣ аз Уляновск ба Қирғизистон омад. Президенти Русия Д.Медведев 13 июн бо роҳбари ҳукумати муваққатии Қирғизистон Роза Отунбоева телефонӣ сӯҳбат кард. Д.Медведев таъкид кард, ки тартиботи ҷамъиятиро ҳар чи зудтар барқарор намуда, муноқишаи мусаллаҳонаро ҳар чи тезтар қатъ намудан лозим аст. Зеро онҳо сабаби қурбон гардидани одамон ва муташанниҷ гардидани вазъи гуманитарӣ хоҳанд гашт. Р.Отунбоева дирӯз фармон имзо кард, ки мувофиқи он кормандони мақомоти қудратӣ дар минтақаи мухолифат барои иҷро накардани фармони комендант аз вазифа барканор карда мешаванд. Аз рӯи маълумоти охирин дар давоми ду шабонарӯзи охир дар вилояти Ҷалолобод ва шаҳри Ӯш бар асари бетартибиҳои оммавӣ 113 нафар ҳалок ва 1405 нафар маҷрӯҳ шудааст.








13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад






