ВОХӮРИИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БО ПЙЕР МОРРЕЛ

Июнь 15, 2010 10:15

Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз, 14 июн дар Душанбе,  мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Моррел баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, дар оғози вохӯрӣ Пйер Морел минатдории худро ба вазири корҳои хориҷӣ барои барпо кардани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогирии миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар Душанбе изҳор намуд. «Зимни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва вазъият дар Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки барои Иттиҳоди Аврупо мавқеи кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон роҷеъ ба вазъи баамаломада муҳим аст», афзуд манбаъ. «Ҳамрохон Зарифӣ кӯшиши ҳар ду ҷонибро ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан сӯдманд ва шарикӣ дар ҳамаи соҳаҳо қайд кард», қайд кард манюаъ. Қайд кардан зарур аст, ки ҳайати воломақоми Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дуюми Вазирони адлияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 14-15 июни соли 2010 дар Душанбе идома дорад, ҳузур дорад.

Июнь 15, 2010 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд