ВОРИДОТИ МАВОДИ СӮХТ АЗ ТУРКМАНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гурӯҳи кории Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Фаррух Ҳамралиев аз 26 то 28 май дар шаҳри Ашқободи Туркманистон мусофират дошт. Зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон масъалаи зиёд намудани воридоти маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон муҳокима карда шуданд. Ҷониби Тоҷикистон зикр кард, ки бо вуҷуди хеле наздик будани масофа дар байни Тоҷикистону Туркманистон ҳаҷми интиқоли маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ аз Русия торафт бештар мегардад. Дар баробари ин воридоти маводи сӯхти Туркманистон ба Тоҷикистон торафт кам мешавад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда дар Туркманистон зимни фурӯши маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ аз он ба андозаи 20 фоизи нархи маводи сӯхт андози арзиши изофа гирифта мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар бораи гирифтани андози арзиши изофа танҳо дар мамлакати истеҳсолкунандаи мол созишнома имзо кардаанд. Мувофиқи маълумоти хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли 2009 ба мамлакати мо 634,2 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид гардидааст. Аз ин ҷумла, 551,3 ҳазор тонна аз Русия ва 15,7 ҳазор тонна аз Туркманистон ворид карда шудааст. Аз моҳи январ т о моҳи апрели соли равон аз Туркманистон ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1,2 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид гардидаасту халос.