ЁДДОШТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН БА САФИРИ РУСИЯ СУПОРИДА ШУД

Июнь 7, 2010 09:45

Душанбе,  7 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ рӯзи  ҷумъа  бо  сафири  фавқулодда  ва  мухтори  Федератсияи  Русия дар  Тоҷикистон  Юрий  Попов  мулоқот  кард. Ҳамрохон  Зарифӣ  зимни  сӯҳбат  диққати  Юрий  Поповро ба  вокуниши  ҷониби  Тоҷикистон  ба  изҳороти   ғаразнок  ва  муҳокимарониҳои  манфии   баъзе  мансабдорони  давлатии  Федератсияи  Русия ба  унвони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  аз ҷумла,  изҳороти  муовини  раиси  Думаи  Давлатӣ  Владимир  Жириновский  ва   роҳбари  Хадамоти   давлатии   назорати ҳифзи  ҳуқуқи  истеъмолкунандагони  Русия,  сардухтури  санитарии  Русия  Геннадий  Онищенко  ҷалб  намуд. Суханронӣ  ва  мулоҳизаҳои  шахсони  номбурда  дар  воситаҳои  ахбори оммавии  Русия  чоп  карда шудаанд.  Ҳамрохон  Зарифӣ   дар  ин  мавзӯъ ба  сафири  Русия  ёддошт  супорид. Қайд  карда шуд, ки  қарори  Хадамоти  федералии  назорати  ҳифзи  ҳуқуқи  истеъмолкунандагони  Федератсияи  Русия дар  бораи  манъи  ворид  сохтани  меваи  хушк  аз  Тоҷикистон  ба  Русия  ба  иқтисодиёт ва  аҳолии  мамлакат,  хусусан  аҳолии  вилояти  Суғд  зиёни  калон  мерасонад. Вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  мақомоти  дахлдори  Русияро  даъват  кард,  ки  имконияти  бекор  кардани   қарори мазкурро  баррасӣ  намоянд. Сипас   мусоҳибон  баъзе  масъалаҳои дигари  марбут ба   муносибатҳо  ва  ҳамкории   Тоҷикистону  Русияро  муҳокима  карданд.  

Июнь 7, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд