ЁДЕ АЗ ОВОЗХОНИ НОТАКРОР

Июнь 15, 2010 10:47

Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Душанбе бахшида ба зодрӯз ва рӯзи вафоти  овозхони шаҳири Шарқ, шодравон  Аҳмад Зоҳир маҳфили ёдбуд баргузор шуд, ки дар он ҳунармандон, шоирону нависандагон,  оҳангсозони тоҷик ва дилбохтагони ҳунари волои Аҳмад Зоҳир иштирок карданд. Дар маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир ҳунармандони маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Назрӣ, Қурбоналӣ Раҳмонов ва  дигар овозхонҳои ҷавон аз Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба мактаби Аҳмад Зоҳир пайравӣ менамоянд,  доир ба ҳунари нотакрор, зиндагӣ ва маҳбубияти ин булбули Шарқ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои форсизабон хотираҳои ширини худро баён карданд. Атташеи фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Душанбе Шамсулҳақи Ориёнфар мегӯяд, ки Аҳмад Зоҳири тавонистааст дар умри кӯтоҳ,  вале пурбаракати хеш аз худ достони беназири шеъру мусиқиро ба ёдгор гузорад. Агар ӯ дар ҳаёт мебуд имрӯз ба синни 64 қадам мегузошт. Дар тӯли 15 соли ҳаёти овозхонии худ Аҳмад Зоҳир беш аз 600 оҳанг офарида,  дар ташаккули мусиқии суннатии Афғонистон саҳми боризе гузоштааст. Бо сабки хоси сурудани суруду таронаҳои эстрадӣ мактаби овозхонии худро созмон дод. Ин аст, ки баъд аз гузашти 31 соли марги Аҳмад Зоҳир суруду тарона ва оҳангҳои дилниши ин ситораи Шарқ дар қалби ҳазорон дӯстдорону пайравони ҳунари волои ӯ маъво гирифтааст.

Июнь 15, 2010 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд