ЗАРАРИ ИСТЕҲСОЛИ БАРҚ 86 МЛН. ДОЛЛАР
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти сарнозири назорати хизмати «Барқи тоҷик» Одинамаҳмад Чоршанбиев, дар фасли тобистон нерӯгоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд. Соли ҷорӣ бозори фурӯши барқи Тоҷикистон коҳиш ёфт ва харидори асосӣ барқи истеҳсол кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи хариди барқро то ба имрӯз имзо кардан намехоҳад, ягона бозори фурӯши барқ барои Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Афғонстон боқӣ мемонад. Аз фурӯши барқи истеҳсол кардашудаи нерӯгоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли тобистон 86 млн. доллар ба даст овардан мумкин, аммо соли ҷорӣ бо сабаби надоштани бозори фурӯши барқ Тоҷикистон беш аз 86 млн. доллар зарар мебинад. Дар давоми сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






