ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ТАРАФИ СУДҲО
Кӯлоб, 27 июл.( АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Баъд аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оиди қабули шаҳрвандон натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Дар ин замина роҳбарони аввали вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бо камоли масъулият қабули шаҳрвандон ва баррасии арзу шикояти онҳоро чун нақшаи кори худ дар фаъолияташон ба роҳ монданд. Дар доираи супориши Сарвари давлат дар сеюмин шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, шаҳри Кӯлоб қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ба роҳ монда шуда аст. Раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев ҳар ҳафтар беш аз 100 – 130 нафар шаҳрвандонро қабул мекунад. Ҳафтаи сипари гашта раиси шаҳр беш аз 150 нафар шаҳрвандонро қабул карда, арзи кадоми онҳоро шунид. Зимни қабули раис баъзе масъалаҳо дар толор ҳалли мусбати худро меёфтанд. Аксари шаҳрвандон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин, бунёди манзили зист муроҷиат мекарданд, ки талаби онҳо вобаста бо имконоти дошта қонеъ карда мешуд, оид ба баъзе масъалаҳо бошад онҳо ҷавоби рад мегирифтанд. Ба ин тартиб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, даҳҳо нафар истиқоматкунандагони шаҳру деҳот ва берун аз онро ба ҳузур пазируфта, перомуни муроҷиати онҳо тадбирҳои муассир меандешад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






