ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ТАРАФИ СУДҲО

Июль 27, 2010 15:31

Кӯлоб, 27 июл.( АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Баъд аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оиди қабули шаҳрвандон натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Дар ин замина роҳбарони аввали вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бо камоли масъулият қабули шаҳрвандон ва баррасии арзу шикояти онҳоро чун нақшаи кори худ дар фаъолияташон ба роҳ монданд.  Дар доираи супориши Сарвари давлат дар сеюмин шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, шаҳри Кӯлоб қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ба роҳ монда шуда аст. Раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев ҳар ҳафтар беш аз 100 – 130 нафар шаҳрвандонро қабул мекунад. Ҳафтаи сипари гашта раиси шаҳр беш аз 150 нафар шаҳрвандонро қабул карда, арзи кадоми онҳоро шунид. Зимни қабули раис баъзе масъалаҳо дар толор ҳалли мусбати худро меёфтанд. Аксари шаҳрвандон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин, бунёди манзили зист муроҷиат мекарданд, ки талаби онҳо вобаста бо имконоти дошта қонеъ карда мешуд, оид ба баъзе масъалаҳо бошад онҳо ҷавоби рад мегирифтанд. Ба ин тартиб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, даҳҳо нафар истиқоматкунандагони шаҳру деҳот ва берун аз онро ба ҳузур пазируфта, перомуни муроҷиати онҳо тадбирҳои муассир меандешад.  

Июль 27, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад