ҚАРОРИ РАҚАМИ 123 ДАР МАҲАЛ ИҶРО НАШУД

Июль 9, 2010 09:58

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  моҳи  марти соли 2001 таҳти рақами 123 «Оид ба тадбирҳои барқарорсозии соҳаи моҳипарварӣ» аз тарафи як қатор роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иҷро нагардид, ки он метавонист дар рушди моҳипарварӣ мусоидат намояд. Масалан  дар вилояти Суғд   барои моҳипарварӣ дар ноҳияи Панҷакент ба  ҷои 200 гектар    ҳамагӣ 38 гектар ҷудо карда шуду халос. Дар вилояти Хатлон  бошад ба ҷои 700 гектар то имрӯз 30 гектар замин дар ноҳияи Ҷиликӯл ҷудо карда шуда, дар ноҳияҳои Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ ягон гектар ҷудо карда нашудааст. Ҳол он ки  танҳо дар ноҳияи Ҷомӣ ҷудо намудани 400 гектар замин пешбинӣ шуда буд.   Тибқи  Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, ноҳияи Ҷомӣ ҳамчун ноҳияи зотпарварӣ барои 7 навъи моҳӣ муайян  шудааст. Мутаассифона, бо хунукназарии роҳбарони ноҳияҳои Ҷиликӯлу Ҷомӣ замин барои ҳавзҳои моҳипарварӣ ҷудо нагардид ва 7 навъи моҳиҳои дар ин ноҳияҳо то соли 1992 парвариш ёфта нобуд шуданд. -Хушбахтона, имсол ба мо муяссар гардид, ки парвариши  як навъи зоти моҳӣ- буфали африкоиро дар ноҳияи Ҷомӣ ба роҳ монем,- гуфт А. Ғафуров ба мухбири АМИТ «Ховар».               

Июль 9, 2010 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд