ҚАРОРИ РАҚАМИ 123 ДАР МАҲАЛ ИҶРО НАШУД
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Ғафуров, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2001 таҳти рақами 123 «Оид ба тадбирҳои барқарорсозии соҳаи моҳипарварӣ» аз тарафи як қатор роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иҷро нагардид, ки он метавонист дар рушди моҳипарварӣ мусоидат намояд. Масалан дар вилояти Суғд барои моҳипарварӣ дар ноҳияи Панҷакент ба ҷои 200 гектар ҳамагӣ 38 гектар ҷудо карда шуду халос. Дар вилояти Хатлон бошад ба ҷои 700 гектар то имрӯз 30 гектар замин дар ноҳияи Ҷиликӯл ҷудо карда шуда, дар ноҳияҳои Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ ягон гектар ҷудо карда нашудааст. Ҳол он ки танҳо дар ноҳияи Ҷомӣ ҷудо намудани 400 гектар замин пешбинӣ шуда буд. Тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, ноҳияи Ҷомӣ ҳамчун ноҳияи зотпарварӣ барои 7 навъи моҳӣ муайян шудааст. Мутаассифона, бо хунукназарии роҳбарони ноҳияҳои Ҷиликӯлу Ҷомӣ замин барои ҳавзҳои моҳипарварӣ ҷудо нагардид ва 7 навъи моҳиҳои дар ин ноҳияҳо то соли 1992 парвариш ёфта нобуд шуданд. -Хушбахтона, имсол ба мо муяссар гардид, ки парвариши як навъи зоти моҳӣ- буфали африкоиро дар ноҳияи Ҷомӣ ба роҳ монем,- гуфт А. Ғафуров ба мухбири АМИТ «Ховар».








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






