ҚОНУНИ ҶТ ТАКМИЛ ДОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар бо иштироки кормандони Маркази номбурда ва рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов зимни нишаст иброз дошт,ки кормандони Марказ дар гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо,оид ба ворид намудани таъғиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон»,инчунин омода намудани маърӯзаи миллиии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбати занон,Конвенсия бар зидди шиканҷа ва бартараф намудани ҳама намуди муносибати ғайриинсонӣ,Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва ғайра иштирок намуданд. Маҳмад Раҳимов афзуд,ки Марказ бо мақсади амали намудани вазифаҳои дар нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳое,ки дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд ва аз ҷониби Президенти кишвар 13-ноябри соли 2009 тасдиқ карда шудааст,ба тайёр ва пешниҳод намудани «Консепсияи пешгӯии инкишофи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар якҷояги бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машғул мебошад. Бояд гуфт,ки давоми соли ҷорӣ китобхонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд,ки дорои зиёда аз 1000 адад китобу маҷаллаҳои илми мебошад. Кормандони Марказ дар ташвиқоту тарғиботи қонунгузори бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар васоити ахбори омма ва рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ вобаста ба самтҳои асосии ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,оид ба сифат ва забони қонун,ҳуқуқи инсон,бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо сӯҳбатҳо ва мубоҳисаро манзури хонандагон гардониданд. Сипас миёни кормандони Марказ ва рӯзноманигорон саволу ҷавоб баргузор гардид,ки рӯзноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.