ҲАФТ НАФАР БА ЗИЁРАТИ КАЪБА АЗ ҲИСОБИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Июль 16, 2010 15:02

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа, Мурғоб, Шуғнон, Ишкошим, Хоруғ  ба роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳурӣ  дастуру супоришҳо дод. Ҷараёни иҷрои онҳо таҳти назорати бевоситаи  Сарвари давлат қарор дорад. Аз ҷумла ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумита оид ба корҳои дин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ супориш дода шуд, ки ҳафт нафар   сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз ҳисоби Сарвари давлат   барои зиёрати Каъба ва ба ҷо овардани маросими ҳаҷ  ба Арабистони Саудӣ фиристанд. Ҳамчунин, мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурӣ    барои сохтани осиёб ба талабаи синфи IX-и мактаби Вранги ноҳияи Ишкошим Фидоӣ Юсуфбек аз ҳисоби фонди эҳтиётии  Президенти Ҷумҳурӣ  маблағи зарурӣ  ҷудо карда мешавад. Тибқи супориши Президент  вазорати маориф ва шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президент    барои ба Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон қабул кардан ва бо хобгоҳ таъмин намудани дастпарвари мактаби Вранги ноҳияи Ишкошим Сафияи Давлатбек бо ихтисоси забони англисӣ тадбирҳо меандешанд.  

Июль 16, 2010 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!