ҲАЙАТИ УСТОДОНИ ЭРОНӢ ДАР ДУШАНБЕ

Июль 26, 2010 14:22

Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати 40 нафараи устодони як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини Раис оид ба бахши омӯзишии Донишгоҳи Теҳрон Саидмаҳдии Қайсарӣ ба Душанбе ташриф оварданд. Сафари устодони донишгоҳҳои Эрон ба Тоҷикистон дар доираи тақвияти ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон  ва муассисаи фарҳангии ЭКО сурат гирифтааст. Масъули бахши фарҳанг ва матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки  зимни сафари худ ҳайати устодони донишгоҳҳои Эрон аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуда, бо ҳайати устодони ин донишгоҳҳо мулоқот менамоянд. Ҳамзамон,  ҳайат аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод  ва муассисаҳои илмию фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа дидан менамояд.     

Июль 26, 2010 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд