ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТҲОИ АВРУПОӢ
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова).-12 июли соли ҷорӣ вохӯрии муовини раиси Палатаи Саноату Савдои ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо сардори Парлумони Аврупоии иттилоотӣ «Европа-Пункт»-Хеп Крекел боаргузор гардид . Асаналӣ Карамалиев дар бораи Тоҷикистон, фазои сармоягузории он ва ҳамчунин дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мухтасар маълумот дод. Аз рӯи гуфти Хеп Крекел вазифаи асосии Парлумони Аврупоии иттилоотӣ «Европа –пункт» расонидани хизмати иттилоотӣ ба ҳамаи хоҳишмандон , махсусан намояндагони доираҳои корӣ аз рӯи тамоми масъалаҳое, ки ба фаъолияти Парлумони Аврупоӣ ва мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо дахл доранд, мебошанд . Марказ аз рӯи имконият дар мавриди дигар давлатҳо низ маълумот медиҳад. Дар навбати худ А.Карамалиев пешниҳод намуд , ки дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази иттилоотии Аврупоӣ ташкил карда шавад. Хеп Крекел ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро бо қаноатмандӣ қабул намуд ва изҳор дошт, ки барои тарафдорӣ намудани ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони Шӯрои Аврупоӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






