ҲАМКОРИҲОИ ҚАБЛӢ БАРҚАРОР МЕГАРДАНД
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- , Пагоҳ, 27 июл Симпозиуми байналмиллалӣ дар шаҳри Алма-Ато-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба охир мерасад. Ёдовар мешавем, ки симпозиуми мазкур аз 22 июли соли ҷорӣ бахшида ба 40- солагии сирки Қазоқистон оғоз ёфта буд. Дар он роҳбарони сиркҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Русия, Украина, Белоруссия, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, ҳамчунин Ҷумҳурии мардумии Чин ва давлати Ҷопон иштирок доранд. Дар доираи ин чорабинӣ, иштирокчиён масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ, мубодилаи барномаҳо, иштирок дар фестивалҳои баъдӣ ва таҳияи лоиҳаи муштараки эҷодиро баррасӣ намуданд. Тавре директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов изҳор дошт, дар анҷоми симпозиум барномаи воқеии байналмилалии тайёр намудани сиркчиёни касбӣ ба тасвиб хоҳад расид. -«Ҳадафи ин гуна созишномаву барномаҳо дар он аст, ки ҳамкориҳои қаблиро барқарор намоем. Аз ин рў, роҳбарони сиркҳои кишварҳои ИДМ ба хулоса омаданд, ки дар сурати кушода будани сарҳадҳои давлатҳо барои баргузории чунин чорабиниҳо мо аз ин мушкилӣ раҳо меёбем»,- гуфт директори сирки Тоҷикистон Ҷ Муҷиддинов.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






