ҲАМКОРИҲОИ ҚАБЛӢ БАРҚАРОР МЕГАРДАНД

Июль 26, 2010 11:55

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- , Пагоҳ, 27 июл Симпозиуми байналмиллалӣ дар шаҳри Алма-Ато-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба охир мерасад. Ёдовар мешавем, ки симпозиуми мазкур  аз 22 июли соли ҷорӣ бахшида ба 40- солагии сирки Қазоқистон оғоз ёфта буд. Дар он роҳбарони сиркҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Русия, Украина, Белоруссия, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, ҳамчунин Ҷумҳурии мардумии Чин ва давлати Ҷопон иштирок доранд. Дар доираи ин чорабинӣ, иштирокчиён масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ, мубодилаи барномаҳо, иштирок дар фестивалҳои баъдӣ ва таҳияи лоиҳаи муштараки эҷодиро баррасӣ намуданд. Тавре директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов изҳор дошт, дар анҷоми симпозиум барномаи воқеии байналмилалии тайёр намудани сиркчиёни касбӣ ба тасвиб хоҳад расид. -«Ҳадафи ин гуна созишномаву барномаҳо дар он аст, ки ҳамкориҳои қаблиро барқарор намоем. Аз ин рў,  роҳбарони сиркҳои кишварҳои ИДМ ба  хулоса омаданд, ки дар сурати кушода будани  сарҳадҳои давлатҳо барои баргузории чунин чорабиниҳо мо  аз ин мушкилӣ раҳо меёбем»,- гуфт директори сирки Тоҷикистон Ҷ Муҷиддинов.    

Июль 26, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад