ҲАНӮЗ ҲАМ ҶОЙҲОИ НИШАСТ НАМЕРАСАД

Июль 13, 2010 16:49

Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар давоми соли 2010 аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 20  иншооти соҳаи маориф сохта ба истифода дода мешавад. Сохтмони 17 мактаб барои  3012 ҷойи нишаст, як толори варзишӣ ва 5 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони филиали Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт аз ҳамин қабил аст. Бояд зикр кард, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як чанд мактаби нав дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ишкошим ба истифода дода шуданд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, дар ин давра аз ҳисоби гранти Фонди каталикӣ  2 иншооти соҳаи маориф ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Новобаста аз афзоши сохтмони мактабу биноҳо,  ҳанӯз дар бахши маорифи ҷумҳурӣ нарасидани ҷойҳои нишаст вуҷуд дорад.

Июль 13, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд