ҲАНӮЗ ҲАМ ҶОЙҲОИ НИШАСТ НАМЕРАСАД
Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар давоми соли 2010 аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 20 иншооти соҳаи маориф сохта ба истифода дода мешавад. Сохтмони 17 мактаб барои 3012 ҷойи нишаст, як толори варзишӣ ва 5 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт аз ҳамин қабил аст. Бояд зикр кард, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як чанд мактаби нав дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ишкошим ба истифода дода шуданд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, дар ин давра аз ҳисоби гранти Фонди каталикӣ 2 иншооти соҳаи маориф ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Новобаста аз афзоши сохтмони мактабу биноҳо, ҳанӯз дар бахши маорифи ҷумҳурӣ нарасидани ҷойҳои нишаст вуҷуд дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






