ҲАРАКАТИ ҚАТОРАҲО БА САМТИ ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ

Июль 22, 2010 09:41

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мақомоти «Роҳи оҳани Тоҷикистон», айни замон дар ҳудуди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 ҳазору 157 қатора нигоҳ дошта  мешавад. Ба гуфти раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукматулло, сабаби дигаре барои манъи ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вуҷуд надорад ва аз 21 –уми июл сар карда ҳамарӯза қатораҳои Тоҷикистон ба самти Душанбе ва вилояти Хатлон дар ҳаракатанд. Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сабаби дар соли ҷорӣ кам шудани боркашониро шарҳ дода гуфтанд, ки он пеш аз ҳама дар истгоҳҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон нигоҳ доштани борҳои ба ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мебошад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2 млн. 417 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳазор тонна кам аст. Бо вуҷуди ҳамаи он монеаҳое, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ барои Тоҷикистон эҷод кардааст, содироти мол дар ин муддат тавассути роҳи оҳан 52,7 ҳазор тонна зиёд аст.

Июль 22, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд