ҲАРАКАТИ ҚАТОРАҲО БА САМТИ ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мақомоти «Роҳи оҳани Тоҷикистон», айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 ҳазору 157 қатора нигоҳ дошта мешавад. Ба гуфти раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукматулло, сабаби дигаре барои манъи ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вуҷуд надорад ва аз 21 –уми июл сар карда ҳамарӯза қатораҳои Тоҷикистон ба самти Душанбе ва вилояти Хатлон дар ҳаракатанд. Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сабаби дар соли ҷорӣ кам шудани боркашониро шарҳ дода гуфтанд, ки он пеш аз ҳама дар истгоҳҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон нигоҳ доштани борҳои ба ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мебошад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2 млн. 417 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳазор тонна кам аст. Бо вуҷуди ҳамаи он монеаҳое, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ барои Тоҷикистон эҷод кардааст, содироти мол дар ин муддат тавассути роҳи оҳан 52,7 ҳазор тонна зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






