&#1202. ЗАРИФ&#1250: «ТО&#1206ИКИСТОН БА ИСТЕ&#1202СОЛИ ЯРО&#1178И &#1202АСТА&#1250 МУ&#1178ОБИЛ АСТ

Июль 30, 2010 11:40

 Душанбе, 30 июл. (НИАТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – «Тоҷикистон муқобили истеҳсоли аслиҳаи атомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон мебошад»-гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. «Мавқеи Тоҷикистонро дар ин масъала Президенти ҷумҳурӣ дар Эрон аниқ баён карда буд. Мо ба истеҳсоли аслдиҳаи ядроӣ дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла, Эрон муқобил мебошем, вале дар баробари ин ҳуқуқи Эронро ба истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта пуштибонӣ мекунем, афзуд вазир».  Вазир ҳамчунин дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сухан ронда, зикр намуд, ки муносибатҳои ҳар ду кишвар сол то сол бештар аз пештар густариш меёбанд. Халқҳои мо забону фарҳанг ва дини муштарак доранд ва муносибатҳои кишварҳоямон мувофиқи принсипҳои муқарарнамудаи СММ ба роҳ монда мешавад. «Кишвари Эрон дар амалӣ сохтани бисёр барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон саҳм мегузорад, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бо маблағи Эрон сохта мешавад. Мо умеди қавӣ дорем, ки нерӯгоҳи мазкур ва нақби «Истиқлол» то охири соли оянда пурра ба истифода дода хоҳанд шуд»-гуфт дар хотима Ҳ. Зарифӣ.

Июль 30, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд