Ҳ. ЗАРИФӢ: «ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ ЯРОҚИ ҲАСТАӢ МУҚОБИЛ АСТ
Душанбе, 30 июл. (НИАТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – «Тоҷикистон муқобили истеҳсоли аслиҳаи атомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон мебошад»-гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. «Мавқеи Тоҷикистонро дар ин масъала Президенти ҷумҳурӣ дар Эрон аниқ баён карда буд. Мо ба истеҳсоли аслдиҳаи ядроӣ дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла, Эрон муқобил мебошем, вале дар баробари ин ҳуқуқи Эронро ба истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта пуштибонӣ мекунем, афзуд вазир». Вазир ҳамчунин дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сухан ронда, зикр намуд, ки муносибатҳои ҳар ду кишвар сол то сол бештар аз пештар густариш меёбанд. Халқҳои мо забону фарҳанг ва дини муштарак доранд ва муносибатҳои кишварҳоямон мувофиқи принсипҳои муқарарнамудаи СММ ба роҳ монда мешавад. «Кишвари Эрон дар амалӣ сохтани бисёр барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон саҳм мегузорад, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бо маблағи Эрон сохта мешавад. Мо умеди қавӣ дорем, ки нерӯгоҳи мазкур ва нақби «Истиқлол» то охири соли оянда пурра ба истифода дода хоҳанд шуд»-гуфт дар хотима Ҳ. Зарифӣ.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






