ҲАМОҲАНГШАВИИ НИЗОМИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ БО СТАНДАРТҲОИ ҶАҲОНӢ
Душанбе, 22 июл. ( АМИТ « Ховар», Назокат Қодирова).- «Таъмини бехатарии парвозҳо ва пешкаш намудани хизматрасониҳои марбут аз ҷониби корхонаи мо пеш аз ҳама аз шаклу тарзи ташкили фаъолият ва шароити фаъолият вобаста аст»,- гуфт директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов зимни нишасти матбуотие ,ки 22 июл баргузор гардид. Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки бахусус дар фосилаи ҳисоботӣ бо мақсади ба тартиб даровардан ва ба қонунҳои ҷории давлат мутобиқ кардани фаъолияти муассиса роҳбарияти « Тоҷикаэронавигатсия» оид ба пешкаш намудани хизматҳои аэронавигатсионӣ бо 23 ширкати авиатсионие, ки дар фазои Тоҷикистон амал мекунанд ва аз фурудгоҳҳои кишвар истифода менамоянд, аз нав шартномаҳо ба тасвиб расонид. Барои самаранок истифода бурдани захираҳои маҳнатӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои кишвар ва ҳамоҳангшавии кишвар бо стандартҳои ҷаҳонӣ Ширкати махсусгардонидашудаи Финландия тибқи шартнома таҷҳизоти метеорологӣ ирсол намуд, ки айни ҳол насби он дар филиали Қурғонтеппа амалӣ мегардад. Соли ҷорӣ ҳамчунин бо мақсади таъмини инъикоси синхронии иттилооти сабтшудаи савтиву радиолокатсионӣ ва таъмини назорати воқеии ташкили парвозҳо дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бисёрқанотаи автоматикии номнавискунандаи иттилооти радиолакатсиониву савтии «СМИР-Т» дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа насб гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






