ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ САФАР

Июль 10, 2010 12:47

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ҳайати ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарвазир Оқил Оқилов аз 7 то 9 июли соли равон зимни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва роҳу нақлиёт шинос шуд. Боздиди кории  О. Оқилов  дар ноҳияи Шаҳритус  аз шиносоӣ  бо фаъолияти истгоҳи роҳи оҳани «Хошадӣ» ва гузаргоҳи сарҳадии «Айвоҷ» оғоз ёфт.  Оқил Оқилов барои беҳтар гардонидани фаъолияти истгоҳи роҳи оҳан ва беҳдошти шароити хизмат дар нуқтаи сарҳадӣ  ба масъулони соҳа  супоришҳои мушаххас дод. Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Қумсангир ҳайати ҳукумати мамлакат бо вазъи корҳои кишоварзӣ, саноатӣ ва иншооти обёрӣ шинос шуд. Аснои боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба масъалаи кишти такрории зироат, рушди боғу токпарварӣ, коркарди байни қаторҳо, ҳолати нашъунамои пахта ва обёрии киштзор   таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир дода  шуд. Сарвазири мамлакат дар Қубодиён ҷараёни сохтмони   корхонаи коркарди зироатро аз назар гузаронид, ки ҳамроҳи мутахассисони ҷопонӣ сохта мешавад. Зимни боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба таҷрибаи кишоварзони хоҷагии «Авесто» , ки  дар майдони зиёда аз 100 гектар боғи анор, гелос, писта ва бодом  бунёд карда, дар байни қаторҳои дарахтон зироатҳои  полезӣ парвариш мекунанд, баҳои баланд дода шуд. Дар  ноҳияи Ҷилликул Сарвазири ҷумҳурӣ  бо вазъи истгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати мелиоративии заминҳо шинос шуда, баҳри беҳдошти кори пойгоҳҳои обкашӣ  ва истифодаи имконоти мавҷуда дар роҳи ба кор андохтани истгоҳҳои обкашии аз кор бозмонда  ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия  супоришҳои дахлдор дод. Нашъунамои пахта дар ноҳияи Панҷ хуб буда, имсол кишоварзон умедвори ба даст овардани  ҳосили баланди он мебошанд. Фаъолияти мунтаззами пойгоҳҳои обкашии ноҳия имкон медиҳад, ки кишоварзон обёрии заминҳоро саривақт ва босифат анҷом диҳанд. Дар сӯҳбати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо роҳбарияти ноҳия ва аҳли заҳмат ба масъалаи беҳдошти вазъи соҳаи кишоварзӣ  бахусус ҷамъоварии ҳосили имсола ва нигоҳубини зарурии майдонҳои пахта таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.  Сарвазири мамлакат зимни боздид аз хоҷагихои кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ  ва корхонаи пахтатозакунии ноҳия бо аҳли заҳмат сӯҳбат карда онҳоро даъват намуд, ки ба замин муносибати ғамхорона карда,  иқтидорҳои саноатиро бештар истифода баранд  ва  ҳарчӣ бештар  ҷойҳои нави корӣ муҳайё созанд. Дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд ҳайати ҳукумати мамлакат бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ  ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ  шинос шуд. Ба роҳбарони шаҳрҳо дастур дода шуд, ки баҳри анҷоми бо сифати корҳои  сохтмонӣ ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд.  9 июли соли равон Савазири мамлакат Оқил Оқилов дар ноҳияи Ёвон бо кори хоҷагиҳои кишоварзӣ  ва  фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ, ресандагӣ, кимиёвӣ, сементбарорӣ  ва сохтмони корхонаи  криолит  шинос шуд. Натиҷаҳои сафари 3- рӯзаи    Савазири мамлакат Оқил Оқилов ба шаҳру нохияҳои вилояти Хатлон дар машварати корӣ  бо роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳо ҷамъбаст   карда шуд. Дар машварат аз масъулони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои пурра, сифатнок ва саривақтии буҷети давлатӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалла,  гузаронидани кишти такрорӣ, афзун  намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои саноатии бозоргир, таъмини босифати музди маош ва нафақа инчунин омодагии ҳамаҷониба ба мавсими нави зимистонгузаронӣ  талаб карда шуд.

Июль 10, 2010 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!