ҶАМЪОМАДИ СУДМАНД
Шаҳринав, 6 июл. (АМИТ ”Ховар”, Ҳотам Рабиев).- Дар ноҳияи Шаҳринав семинари минтақавӣ дар мавзўи: ‘’Ба роҳ мондани тарзу услуби замонавии фаъолияти ҳизбӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ” баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Раиси ноҳияи Шаҳринав, аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав Раҳматуллои Пӯлод семинарро ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳӣ намуд. Сипас, муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров дар мавзӯи “Рушди фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, омили асосии таҳкими мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа” маърӯза намуд. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифов “Оид ба фаолияти кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” гузориш дод. Баъдан ширкаткунандагони семинар ба машғулиятҳои амалӣ дар мавзӯи “Оинномаи ҲХДТ ва тағйироту иловаҳои он” шурӯъ намуда, дар бахшҳои алоҳида мавзӯи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни семинар ширкаткунандагони он ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав ошно гардиданд. Семинари мазкур баҳри сайқал ёфтани донишу малакаи кормандони ҲХДТ ва инкишофи маҳорати касбии онҳо мусоидат намуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






