ҶАМЪОМАДИ СУДМАНД

Июль 6, 2010 09:20

Шаҳринав, 6 июл. (АМИТ ”Ховар”, Ҳотам Рабиев).- Дар ноҳияи Шаҳринав семинари минтақавӣ дар мавзўи: ‘’Ба роҳ мондани тарзу услуби замонавии фаъолияти ҳизбӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ” баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат  доштанд. Раиси ноҳияи Шаҳринав, аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав Раҳматуллои  Пӯлод семинарро ҳусни  оғоз бахшида, сухани ифтитоҳӣ    намуд. Сипас, муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров дар мавзӯи “Рушди фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, омили асосии таҳкими мавқеъ ва нуфузи  ҲХДТ дар ҷомеа” маърӯза намуд. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифов “Оид ба фаолияти кумитаҳои иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” гузориш дод. Баъдан ширкаткунандагони семинар ба машғулиятҳои амалӣ дар мавзӯи “Оинномаи ҲХДТ ва тағйироту иловаҳои он” шурӯъ намуда, дар бахшҳои алоҳида мавзӯи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни семинар ширкаткунандагони он ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав ошно гардиданд. Семинари мазкур баҳри сайқал  ёфтани донишу малакаи кормандони  ҲХДТ ва инкишофи маҳорати касбии онҳо мусоидат намуд.

Июль 6, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд