ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА ДАР НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Июль 2, 2010 09:04

Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 30 – юми июн     дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  аз  майдони 60 ҳазору 196 гектар кишти ғалладона ва лӯбиёгӣ  масоҳати 4 ҳазору 897 гектари он тавассути ҳашар ва дар як қисми ноҳияҳо бо истифода аз комбайнҳои ғалладарав ҳосилро ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили ғаллаи ҷамъоваришуда 8,1 фоизи умумии замини киштро ташкил медиҳад. Аз майдони даравидашуда ҳамагӣ ҳосили 1797 гектар кӯфта гирифта шудааст. Бино ба маълумоти мазкур, ҳосили ҷамъоваришуда 5274 тонна буда,  он аз ҳар як гектар  16,9 сентнериро ташкил медиҳад.             Боиси тазаккур аст, ки дар сурати босамар истифода накардани  комбайнҳои ғалладарав ҷамъоварии пурраи ғалладона ва лӯбиёгиҳо ба гумон аст, зеро тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ аз даҳаи дуюми моҳи июл ҳавои тағйирёбанда  дар назар аст, ки он барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил мушкилотро зиёд хоҳад кард.

Июль 2, 2010 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд