ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА ДАР НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 30 – юми июн дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз майдони 60 ҳазору 196 гектар кишти ғалладона ва лӯбиёгӣ масоҳати 4 ҳазору 897 гектари он тавассути ҳашар ва дар як қисми ноҳияҳо бо истифода аз комбайнҳои ғалладарав ҳосилро ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили ғаллаи ҷамъоваришуда 8,1 фоизи умумии замини киштро ташкил медиҳад. Аз майдони даравидашуда ҳамагӣ ҳосили 1797 гектар кӯфта гирифта шудааст. Бино ба маълумоти мазкур, ҳосили ҷамъоваришуда 5274 тонна буда, он аз ҳар як гектар 16,9 сентнериро ташкил медиҳад. Боиси тазаккур аст, ки дар сурати босамар истифода накардани комбайнҳои ғалладарав ҷамъоварии пурраи ғалладона ва лӯбиёгиҳо ба гумон аст, зеро тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ аз даҳаи дуюми моҳи июл ҳавои тағйирёбанда дар назар аст, ки он барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил мушкилотро зиёд хоҳад кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






