ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХАТЛОН БА ОХИР РАСИД

Июль 5, 2010 09:41

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба  маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ  картошкапарварони  вилояти Хатлон дар майдони 1 ҳазору 77 гектар кишти картошка гузаронида буданд, ки то 30 — юми июн ҷамъоварии онро пурра анҷом доданд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, картошкапарварон истеҳсоли онро ба 16 ҳазору 661 тонна расониданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4 ҳазор тонна зиёд аст. Беҳбудӣ дар кори  картошкапарварӣ дар ин вилоят сол то сол  дар зиёд кардани ҳосилнокии он дониста мешавад. Ин аст, ки дар соли ҷорӣ ҳосилнокии картошка аз ҳар гектар дар ин вилоят ба 157,7 сентнерӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 16, 3 сентнерӣ зиёд аст. Дар вилояти Суғд бошад аз майдони 4604 гектар замини кишти картошка ҳосили 101 гектари он ба миқдори  688 тонна ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии ҳар як га  6,7 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин пасттарин ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ дониста мешавад.  

Июль 5, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд