ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХАТЛОН БА ОХИР РАСИД
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ картошкапарварони вилояти Хатлон дар майдони 1 ҳазору 77 гектар кишти картошка гузаронида буданд, ки то 30 — юми июн ҷамъоварии онро пурра анҷом доданд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, картошкапарварон истеҳсоли онро ба 16 ҳазору 661 тонна расониданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4 ҳазор тонна зиёд аст. Беҳбудӣ дар кори картошкапарварӣ дар ин вилоят сол то сол дар зиёд кардани ҳосилнокии он дониста мешавад. Ин аст, ки дар соли ҷорӣ ҳосилнокии картошка аз ҳар гектар дар ин вилоят ба 157,7 сентнерӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 16, 3 сентнерӣ зиёд аст. Дар вилояти Суғд бошад аз майдони 4604 гектар замини кишти картошка ҳосили 101 гектари он ба миқдори 688 тонна ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии ҳар як га 6,7 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин пасттарин ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ дониста мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






