ҶАРИМА ҲИФЗИ ЭКОЛОГИЯ НЕСТ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2010 барои дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории ҶТ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, стандарт ва меъёрҳои экологӣ 715 мавод ба маблағи умумии 458,7 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст,- иброз намуд дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хурсандмурод Зикиров дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон. Дар нисмсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кумита 37 мавод ба маблағи 248 ҳазор сомонӣ ба суди иқтисодӣ, 112 мавод ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ ба прокуратура ва 566 мавод ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод карда шудааст, ки аз онҳо тавассути ҳалномаҳои судӣ 130,6 ҳазор сомонӣ ба манфиати кумита рӯёнида шудааст. Ба ақидаи Х. Зикиров, ҷарима ин танҳо воситаи таъсиррасонӣ аст, ки тавассути он экология ҳифз нахоҳад шуд. — Барои ҳифзи экология маданияти экологии шаҳрвандон, роҳбарони вазорату идора, корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои фарҳангу фароғатиро дар сатҳи донишҳои экологӣ баланд бардоштан зарур аст,- гуфт раис дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар».








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






