ҶАРИМА ҲИФЗИ ЭКОЛОГИЯ НЕСТ

Июль 21, 2010 10:19

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2010 барои дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории ҶТ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, стандарт ва меъёрҳои экологӣ 715 мавод ба маблағи умумии 458,7 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст,- иброз намуд дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ Хурсандмурод Зикиров дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон. Дар нисмсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кумита 37 мавод ба маблағи 248 ҳазор сомонӣ ба суди иқтисодӣ, 112 мавод ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ ба прокуратура ва 566 мавод ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод карда шудааст, ки аз онҳо тавассути ҳалномаҳои судӣ 130,6 ҳазор сомонӣ ба манфиати кумита рӯёнида  шудааст. Ба ақидаи Х. Зикиров, ҷарима ин танҳо воситаи таъсиррасонӣ аст, ки тавассути он экология ҳифз нахоҳад шуд. — Барои ҳифзи экология маданияти экологии шаҳрвандон, роҳбарони вазорату идора, корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои фарҳангу фароғатиро дар сатҳи донишҳои экологӣ баланд бардоштан зарур   аст,- гуфт раис дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар».

Июль 21, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар