ҶАВОНОН БА ЗАРАРДИДАГОН КӮМАК МЕРАСОНАНД

Июль 13, 2010 14:48

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои лагери истироҳатии хонандагони аз оилаҳои дар офати табиӣ зарардидаи шаҳри  Кӯлоб ба маблағи 2500 сомонӣ лавозимоти варзишӣ, маводҳои конселярӣ ва китобҳои бачагона хариданд. Тавре раиси Кумитаи мазкур Маликшо Неъматов дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод,  бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон барои 100 нафар кӯдакону наврасони аз оилаҳои дар офати табиӣ зарадидаи шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Вахш ва барои кӯдакону наврасони оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Мӯъминобод, Восеъ ва Данғара дар худи ноҳияҳо лагерҳои истироҳатӣ ташкил карда шуданд. Дар ҷараёни истироҳати хонандагон миёни онҳо чорабиниҳои мухталифи варзишӣ ва бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуд. Тазаккур бояд дод, ки сохторҳои маҳаллии Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани истироҳати хонандагон то интиҳои таътил саҳмгузори хоҳанд намуд, гуфт дар охир М.Неъматов.

Июль 13, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд