ҶАВОНОН БА ЗАРАРДИДАГОН КӮМАК МЕРАСОНАНД
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои лагери истироҳатии хонандагони аз оилаҳои дар офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ба маблағи 2500 сомонӣ лавозимоти варзишӣ, маводҳои конселярӣ ва китобҳои бачагона хариданд. Тавре раиси Кумитаи мазкур Маликшо Неъматов дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон барои 100 нафар кӯдакону наврасони аз оилаҳои дар офати табиӣ зарадидаи шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Вахш ва барои кӯдакону наврасони оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Мӯъминобод, Восеъ ва Данғара дар худи ноҳияҳо лагерҳои истироҳатӣ ташкил карда шуданд. Дар ҷараёни истироҳати хонандагон миёни онҳо чорабиниҳои мухталифи варзишӣ ва бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуд. Тазаккур бояд дод, ки сохторҳои маҳаллии Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани истироҳати хонандагон то интиҳои таътил саҳмгузори хоҳанд намуд, гуфт дар охир М.Неъматов.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






