ҶАВОНОН КӮМАК МЕРАСОНАНД
Кӯлоб, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб аз рӯзҳои аввали рух додани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки бар асари он беш аз 600 оила аз манзили зисташон маҳрум гардида буданд, ёрии амалии хешро ба шаҳрвандон мерасонад. Ин навбат бахши ҷавонон бо ташкилоти «Ҷавонони асри нав» ва ташкилоти «Паралакс» ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, ки дар панҷ қитъа аз ҷониби вазорату идора ва ташкилоту корхона барояшон хонаҳои истиқоматӣ бунёд мегардад. Айни замон ба зарардидагоне, ки дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд як миқдор маводи хӯрока, либос ва ашёи рӯзгор тақдим намуданд. Тақсимоти маводи хӯрокӣ, либос ва ашёи рӯзгор аз қитъаи якум оғоз ёфта, аз рӯи шаҳодатномаи сокинон ба беш аз сесад оила дар панҷ қитъа дастрас карда шуд. Ҳамин гуна иқдом як моҳ қабл аз ҷониби ташкилоти номбаршуда амалӣ карда шуда буд ва аз ҷониби сокинон ва Ҳукумати шаҳр бо хушнудӣ пазирои гардид. Оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ба масъулин барои кӯмакҳои хайрхоҳона изҳори минатдорӣ намуданд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ азм гирифтааст вобаста ба имконият иқдоми пешгирифтаро ҳар моҳ як бор амалӣ намояд. Бояд қайд намуд, ки ихтиёрони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза дар дастрас намудани маводи хӯрокӣ ба ин оилаҳо кӯмак мерасонанд ва дар ташкили чорабиниҳои фароғатӣ саҳм мегузоранд.