ҶОМАИ ГЕРОИНДОР

Июль 27, 2010 15:34

 Кӯлоб, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Дар толори Суди шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба сокини ноҳияи Ҳисор Аминов Баҳриддин Муҳиддинович бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в,г» ва 32 қисми 3-289 қисми 3-289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи раиси Суди шаҳри Кӯлоб Аслам Холов баррасӣ гардид.  Шаҳрванд Аминов Баҳриддин барои ин гунаҳкор карда шудааст, ки ӯ бо маслиҳати пешаки бо ҳамдеҳааш сокини ноҳияи Ҳисор шаҳраки Шарора Салимов Фахриддин Садриддинович рӯзи 5-марти соли 2010 тахминан соатҳои 21 дар ҷои истиқоматиаш деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор ду адад ҷомаи миллии мардонаро, ки дар дохили онҳо 482 гр воситаҳои нашъадори героин ҷой карда шуда буд, гирифта онҳоро то рӯзи 7-марти соли 2010 нигоҳ доштааст. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ Аминов Баҳриддин бояд, ки воситаҳои нашъадори навъи героинро то шаҳри Маскави Федератсияи Русия интиқол медод, Салимов Фахриддин ваъда дода буд, ки воситаҳои нашъадорро гирифта ба ивази хизматаш Аминов Фахриддин 1000-доллари ИМА медиҳад. Рӯзи 7-марти соли 2010 ҳангоми гузаштани назорати гумрукӣ Аминов Баҳриддин дар фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб аз тарафи кормандони гумрук дастгир гарда шуда, 482 грамм воситаи нашъадори героин аз ӯ ёфта гирифта шуд.  Дар мурофиаи  судӣ  гуноҳи Аминов Баҳриддин дар содир намудани ҷиноят исботи пурраи худро ёфта, бо моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои «в,г» ва 32 қисми 3,  289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.                

Июль 27, 2010 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд