ҶОМАИ ГЕРОИНДОР
Кӯлоб, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар толори Суди шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба сокини ноҳияи Ҳисор Аминов Баҳриддин Муҳиддинович бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в,г» ва 32 қисми 3-289 қисми 3-289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи раиси Суди шаҳри Кӯлоб Аслам Холов баррасӣ гардид. Шаҳрванд Аминов Баҳриддин барои ин гунаҳкор карда шудааст, ки ӯ бо маслиҳати пешаки бо ҳамдеҳааш сокини ноҳияи Ҳисор шаҳраки Шарора Салимов Фахриддин Садриддинович рӯзи 5-марти соли 2010 тахминан соатҳои 21 дар ҷои истиқоматиаш деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор ду адад ҷомаи миллии мардонаро, ки дар дохили онҳо 482 гр воситаҳои нашъадори героин ҷой карда шуда буд, гирифта онҳоро то рӯзи 7-марти соли 2010 нигоҳ доштааст. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ Аминов Баҳриддин бояд, ки воситаҳои нашъадори навъи героинро то шаҳри Маскави Федератсияи Русия интиқол медод, Салимов Фахриддин ваъда дода буд, ки воситаҳои нашъадорро гирифта ба ивази хизматаш Аминов Фахриддин 1000-доллари ИМА медиҳад. Рӯзи 7-марти соли 2010 ҳангоми гузаштани назорати гумрукӣ Аминов Баҳриддин дар фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб аз тарафи кормандони гумрук дастгир гарда шуда, 482 грамм воситаи нашъадори героин аз ӯ ёфта гирифта шуд. Дар мурофиаи судӣ гуноҳи Аминов Баҳриддин дар содир намудани ҷиноят исботи пурраи худро ёфта, бо моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои «в,г» ва 32 қисми 3, 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






