ҶОНИБДОРИИ 5 ҚОНУНИ НАВ АЗ ҶОНИБИ ПАЛАТАИ БОЛОИИ ПАРЛУМОН
Душанбе, 8 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи дуюми худ 8 июл 5 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ кард. Инҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ», «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи Парки технологӣ» «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ва «Дар бораи паррандапарварӣ» мебошад. Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисоду коммуникатсия ва масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Матлубхон Давлатов ва Давлатшо Гулмаҳмадов зимни тавзеҳи Қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки самти асосии қонунҳои нав, ки он қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда шудааст, ба рушди иқтисодиёти миллӣ, танзими муносибатҳои молу мулкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ӯҳдадории роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва мубориза бар зидди коррупсия нигаронидашуда, асосҳои ташкили Парки технологӣ ва гузаронидани аудити дохилӣ дар бахши давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






