ҶОНИБДОРИИ 5 ҚОНУНИ НАВ АЗ ҶОНИБИ ПАЛАТАИ БОЛОИИ ПАРЛУМОН

Июль 8, 2010 15:39

Душанбе, 8 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи дуюми худ 8 июл 5 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ кард. Инҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ», «Дар бораи  идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи Парки технологӣ» «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ва «Дар бораи паррандапарварӣ» мебошад.    Раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисоду коммуникатсия ва масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ  ва экология Матлубхон Давлатов ва Давлатшо Гулмаҳмадов зимни тавзеҳи Қонунҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки самти асосии қонунҳои нав, ки он қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда шудааст, ба рушди иқтисодиёти миллӣ, танзими муносибатҳои молу мулкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ӯҳдадории  роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва мубориза бар зидди коррупсия нигаронидашуда, асосҳои ташкили Парки технологӣ ва гузаронидани аудити дохилӣ дар бахши давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.  

Июль 8, 2010 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад