140 ОИЛА АЗ ҶОЙҲОИ ХАТАРНОК КӮЧОНИДА ШУД

Июль 13, 2010 15:31

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-«Байни Хадамоти геологии Вазорати замин ва захираҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома доир ба гузаронидани корҳои муштараки омӯзиши геологии ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Хитой аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, ба Ҷумҳурии Халқии Хитой фиристода шуд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи мазкур  корҳои омӯзишии геологӣ дар ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Хитой шурӯъ хоҳанд шуд»,- гуфт Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз, 13 июл дар Саридораи мазкур доир гардид. Ҳамчунин, ӯ қайд намуд, ки дар нимсолаи авали соли ҷорӣ, саридора аз рӯи даъватномаҳо дар 66 деҳаи аҳолинишини Ховалинг, Кӯлоб, Хуросон, Варзоб, Нуробод, Файзобод, Дарвоз, Ҳисор ва ғайра тадқиқотҳои муҳандисӣ- геологӣ гузаронид, ки дар натиҷа ба 140 оила пешниҳоди аз ҷойҳои хатарнок ба мавзеҳои бехатар кӯчонидан дода шуд.  Дар ин давра кормандони саридора дар ҳайати комиссияи ҳукуматӣ барои сохтмони деҳаи навбунёд ба зарардидагони заминларза дар мавзеи Сурхсангоб, ки 2 январи соли равон дар ноҳияи Ванҷ ба вуҷуд омада буд, тадқиқот гузаронида, хулосаҳои муҳандисӣ-геологиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.  

Июль 13, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд