2170 НАФАР КОРҶӮЁН СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ГАРДИДАНД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ 283 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов. Инчунин, ӯ қайд намуд, ки 2170 нафар корҷӯён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд. Аз теъдоди умумии шаҳрвандоне, ки аз хизматҳои мақомоти шуғли аҳолӣ бархурдор шудаанд, 21,2 фоизро занон ташкил медиҳанд. Бояд қайд, намуд, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 3452 нафар ба корхонаҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида, дар марказҳои таълимии мақомоти шуғли аҳолӣ 5785 нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд, — гуфт М.Маҳмадаминов.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






