2170 НАФАР КОРҶӮЁН СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ГАРДИДАНД

Июль 21, 2010 12:12

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ 283 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, иттилоъ дод дар нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов. Инчунин, ӯ қайд намуд, ки 2170 нафар корҷӯён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд. Аз теъдоди умумии шаҳрвандоне, ки аз хизматҳои мақомоти шуғли аҳолӣ бархурдор шудаанд, 21,2 фоизро занон ташкил медиҳанд.  Бояд қайд, намуд, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 3452 нафар ба корхонаҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида, дар марказҳои  таълимии мақомоти шуғли аҳолӣ 5785 нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд, — гуфт М.Маҳмадаминов.   

Июль 21, 2010 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад