85 СОЛАГИИ ҲАФТАНОМАИ ҲУКУМАТИИ «НАРОДНАЯ ГАЗЕТА»
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Нашриёти «Истеъдод» китоби гурӯҳи муаллифонро таҳти унвони «Рӯзнома ин мо» (Газета это мы) бо забони русӣ пешкаши хонандагон гардонид. Китоби мазкур ба 85 солагии нашриёти давлатии «Народная газета» бахшида шудааст. Ин маҷмуа давоми китоби 5 сол пеш бо номи «Своя строка в истории» аз чоп баромада буд, мебошад. Дар он таърихи ҳафтанома, хотираҳои рӯзноманигороне, ки тайи солҳои зиёд дар идораи «Народная газета» фаъолият карда, дар ташкили матбуоти ҷумҳурӣ саҳм гузоштаанд, нақл мекунад. Ёдовар мешавем, ки ҳафтаномаи «Народная газета» нашриёти расмии ҷумҳурӣ буда, муассиси он Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон мебошад. Дар он матнҳову қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат нашр гардида, аз соли 1925 инҷониб фаъолият мекунад. Асар бо теъдоди 300 нусха чоп гардида, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






