БА ҶОЙИ ОСОИШГОҲ — МАҶМААИ САЙЁҲӢ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим чашмаҳои табобатии ноҳия дар давоми 2 -3 соли оянда пурра ба истифодаи умум дода мешаванд. Айни замон яке аз ин чашмаҳои шифобахш — Гармчашма, ки оби он аз ҷиҳати табобат оид ба бемориҳои пӯсту тарбод дар дунё ба худ ҳамто надорад, ба истифода дода шудааст. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷойи собиқ осоишгоҳи «Гармчашма» «Маҷмааи шифобахши сайёҳии Гармчашма» бо тарҳи нави замонавӣ бунёд гардид, ки дар азнавсозии он аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ 10 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, панҷ бинои нави иловагӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти табобатию фароғатӣ бунёд гардидааст. Бори аввал дар ҷумҳурӣ дар пояи бунёди истироҳатгоҳи шифобахши сайёҳӣ майдончаҳои офтобхӯрӣ ба истилоҳ «пляж» — и занонаю мардона ба истифода дода шудааст. Ба иттилои ҳамин манба, сохтмони чунин биноҳои замонавӣ дар назди чашмаҳои дигари шифобахши ин ноҳия идома дорад. Дар оянда Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари афсонавии сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






